АНДЕША. Давлатова Парчамо зодаи деҳаи Дектури Ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоеви ноҳияи рудбору кӯҳсору чашмасори Балҷувони бостон аст. Ин модари нозанин тӯли 8 сол дар китобхонаи марказии ноҳия ба ҳайси китобдор ва 13 сол мешавад, ки дар кӯдакистони «Донояк»-и №2 пештара «Парасту»-и №1-и ноҳия ҳамчун дояи кӯдакон кору фаъолият намуда истодааст.
Зимни вохӯрӣ бо Давлатова Парчамо аз ӯ пурсон гардидем, ки вазифаи ба дӯш доштааш барояш мушкил нест? Дар посух чунин пиндошт, ки ҳар гоҳе, ки вориди кӯдакистон мегардам, пеши назарам як дунёи зебои кӯдакону наврасон ҷилвагар мегардад. Барои ман ҳамчун зан- модар парастории кӯдакон дар баробари душвориаш форамӣ низ дорад. Ман аз рӯзе, ки ба кӯдакистон ба кор омадам, ҳар як кӯдаки муассисаро мисли кӯдаки худ дӯст дошта, бо онҳо модарона рафтор намуда, навозишашон мекунам. Имрӯзҳо ифтихор аз он менамоям, ки ҳар як хатм кардаи муассиса ҳангоми дар кӯча ё ҷойи дигар маро дидан бо завқ омада Бибиҷони Парчамоям аст гуфта, ба оғӯшам медароянд. Ин лаҳзаҳо барои ман фарҳабахш аст ва дар миёни кӯдакону наврасон будан ба мисли табиати рангинеро мемонад, ки орӣ аз ҳама кинаву адоват аст.
Парчамо Давлатова модари 7 фарзанд, 6 духтару 1 писар мебошад, ки ҳама фарзандони хешро бо меҳнати ҳалол хӯрондаю дар муассисаҳои таълимӣ хононда хонадор намудааст. Имрӯз аз он хушҳол аст, ки 15 наберачаҳои дустрӯяк дорад. Айни ҳол духтараш Ҳабибаи Амиршо касби модарро пеша карда, дар ин замина фаъолият намуда истодааст.
Ҳангоми суҳбат бо Ҳабиба иброз дошт, ки ҳар гоҳе модарам аз дунёи рангину зебо ва беолоиши кӯдакон қисса мекард, ҳаваси касби модар дар дилам хона карда буд. Имрӯз шодам, ки ҳамроҳи модар якҷо кору пайкор менамоям.
Модар аст мақсуди ҳасту буди мо,
Модар аст болотарин мавҷуди мо.
Модар аст омӯзгори маърифат,
Модар аст як оламе аз муҳаббат.
Воқеан, модар наҷиби хонадон аст ва наҷотбахши ҳаёти кӯдакон.Модар азизтарин инсони рӯи замин буда, қалби вай офтоби гарму пурнуреро мемонад, ки оянда фарзандон бо ин равшанӣ роҳи зиндагии худро хоҳанд ёфт. Нависандаи машҳури Миср Тавфиқ Ал Ҳаким дар васфи зан-модар гуфта буд: “Зан зиннати хона, устоди атфол ва муаллими наслҳост”.
Дар радифи ин суханҳо ба модари азизу меҳрубон Парчамо Давлатова беҳтарин муваффақияту бурдборӣ ва комиёбиҳои рӯзгорро таманно менамоем.
Муродова Марҷона, мудири шуъбаи таблиғот, иттилооти Кумиттаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон