БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МОДАРИ МЕҲРУБОНИ МАН!

НОРАК. Модар арзандаи ҳама гуна эҳтиром,  қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс буда, фарзанди худро бузургворона ва бо дилсӯзиву бахшоиш ҳамеша дастгиру пуштибон аст, ба хотири роҳату осоиши фарзандаш шабу рӯз заҳмат мекашад ва намегузорад, ки нури чашмони ӯ ба ранҷу озоре гирифтор гардад, бо ҷон мекӯшад, ки ӯ бардаму солим ба камол расад, соҳиби илму маърифат шавад, касбу ҳунар омӯзад ва дар оянда барои ҷомеа хизмати сазовору шоиста анҷом диҳад.

Бо ин мақсад Аксияи ҳизбии таҳти унвони “Модари меҳрубони ман” дар арафаи таҷлили “Рӯзи Модар” аз ҷониби аъзои бахши намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва волонтёрони ҳизбӣ дар ҳуддуи шаҳр, кӯчаву роҳравҳо доир гардида,  зиёда аз 700 дона гулҳои баҳорӣ ба модарону хоҳарон тақдим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg