БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МОДАР - ЗИНДАГӢ АЗ НАФАСИ ГАРМУ ДИЛНАВОЗИ Ӯ ОҒОЗ МЕГИРАД

АНДЕША. Иди бонувон баробари оғози эҳёи табиат- фасли баҳор фаро мерасад, ки мардумро ба ибтидои пешомадҳои нав, нақшу тадбирҳои тоза, омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва дар маҷмуъ ба ободониву созандагӣ ҳидоят менамояд. Фасли баҳор бо қадамҳои сабзи Наврӯз рамзи эҳёи табиат, сарчашмаи хуррамӣ, покизагиву зебоӣ ва нишони ҷовидонаи зиндагӣ мебошад. Модар азизтарин вуҷуди рӯйи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Зан -модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад. Зеро тору пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат бофта шудааст.  Худованд ба зан- модар қудрате ато намудааст, ки офарандаи зиндагӣ ва чароғи ҳар хонадон мебошад.  Пайғамбари ислом биҳиштро зери қадамҳои модарон гузошта, меҳри саршор ва муҳаббати гарми модарро бо файзу раҳмати Худованд баробар донистааст. Аз ин лиҳоз мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем ва ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост. Тарбияи ибтидоӣ, ки марҳалаи аз ҳама муҳими умри инсонӣ мебошад, маҳз ба заҳмати модар ва муҳаббати ӯ вобаста аст. Занону модари тоҷик дар баробари корҳои давлатӣ, омӯзгорӣ ва ҳоҷагидорӣ, пеш аз ҳама кадбонуи хонавода ҳастанд ва  беҳуда нест, ки сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузу эътибори он  аз рӯйи муносибат ба зан, ба модар муайян карда мешавад, аз рӯйи он арзёбӣ мегардад, ки занон то чӣ андоза соҳибмаърифату соҳибкасбанд ва то  чӣ андоза дар ҳаёти ҷомеа фаъол мебошанд.    Аз ин рӯ, Хукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози истиқлолият вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тамоми тадбирҳои заруриро андешида, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ мегардонад.  Мо дар ин давра бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмин намудани баробарҳуқуқии мардону занон Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби  занону духтарони лаёқатманд  ва як силсила асноди заруриро қабул намудем ва онҳоро амалӣ карда истодаем. Имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа занону духтарон фаъолият доранд. Қисми зиёди кормандони соҳаи маорифу тандурустиро занон ташкил медиҳанд.  Мутахассисони ботаҷриба аз ҷумлаи занон ба корҳои масъули давлатӣ сафарбар карда шудаанд. Сарфаи оқилонаи буҷети оила яке аз шартҳои асосии рӯзгори муназзам мебошад, ки дар танзими он нақши занон хеле калон аст. Баъди чанд рӯзи дигар мардуми мо тибқи таомули аҷдодӣ Наврӯзи хуҷастафолро ҷашн мегирад. Омадани Наврӯзи хуҷастапай дар кишвари биҳиштосои мо худ рамзи баҳори шукуфони сарзамини аҷдодиамон мебошад. Зеро зан- модар худ гул ва баҳори зиндагии башар аст. Дар ин маврид яке аз бузургони гузашта барҳақ фармудааст: «Ҳеҷ гуле атр, ранг ва зебоии модарро надорад».

Муслима Ғуриева, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg