БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МОДАР ЯКТОСТ-ТОҶИКИСТОН ЯКТО!

АНДЕША. Хушбахттарин инсон касест, ки ҳар субҳ дар канори амну осудаи Ватан, бо лаҳни ширину гӯшнавози модар аз хоби ноз бедор шуда, аз ҳавои поку муаттари Ватан нафас мекашад ва аз дастурхони муқаддасу пурнозу неъмати модар нони ҳалол мечашад.

Модар-Ватан барои мо неъматҳои ноёбу бебаҳо ва ягонаанд. Яъне, чуноне, ки инсон як модар дорад. Ҳамчунин Ватан низ  барояш ягонаву беҳамтост.

Агар ҷаҳонро фурӯғи нур  ва гармии хуршеди  оламро мунаввар гардонад, зиндагонии инсонро нуру зиё, чашмони пурмеҳр ва сафои қалби муҳаббатбори модар зиннат мебахшад.  Аз ин рӯ  ин фариштаи меҳр ва офтоби зиндагиафрӯзро тоҷи сар ва дар радифи он Ватани биҳиштосои худро низ азизу маҳбуб дониста, қадру қимати ин ду муқаддасотро  аз ҳама гуна арзишҳо авлотар шуморем, зеро ба андешаи шоири зиндаёд  Лоиқ Шералӣ;

          Ёрон ҳама ҷо, вале Ватан дар як ҷост,

          Ҳар санги Ватан мисоли ҳайкал зебост.

          Одам ҳама ҷо азиз, лекин бар ман,

          Модар яктост, Тоҷикистон яктост.

Модар ягона шахсест, ки мо фарзандонро бо ҳамаи буду набуд, ғаму  шодӣ,  барору  нобарорӣ,  дороиву  нодорӣ,  хубиву бадӣ, бемориву  тандурустӣ, зебоиву зиштрӯйӣ,  комрониву  нокомӣ  ва тамоми хислатҳои неку бадамон дӯст медорад, таҳаммул мекунад ва ҳамеша омода аст,  ки барои наҷоти мо аз ҳама гуна хатарҳо ва ғаму дардҳои  дунёӣ  ҳаёти  худ, ҷавониву тандурустӣ ва тамоми дороии худро фидо созад. Аз ин ҷост, ки такягоҳи мо дар зиндагӣ, осоиш ва шукӯҳу зиннати ҳаёт, шодию фараҳ дар ҳар як хонадону нуру сафои дидагони мо аз вуҷуди поки модарон аст. Модар пару бол, қуввату дармон ва руҳу равони мост.

Мо чӣ гуна инсон ба камол мерасем, моро чӣ гуна мешиносанд ва аз кадом фазилатҳои хеш соҳиби эътибор мешавем, аз тарбияи неку сиришти мубаррову лаҳни гуворои модар сарчашма мегирад, аз  ин ҷост, ки шоир гуфтааст:

         Модари хушназарам, ҳар назарам ҳадяи туст,

         Асаре дорам агар, он асарам ҳадяи туст.

         Дар ҷаҳони абадият пайи  парвози дароз,

         Модари пуштипарам, боли парам ҳадяи туст.

         Хоксории ту он  қадр маро кард баланд,

         Ки ҳама қудрати кайҳон гузарам ҳадяи туст.

Чунон  ки  оғӯши  гарму  пур  меҳри  модар, домони поку мубораки он сар ниҳодан дар зонуи модар барои  мо фарзандон ҷойгоҳи муқаддас ва макони роҳату осоиш аст, ҳамчунин канори биҳиштосои  Ватан, ҷавлон задан дар мазраи поки он, осудаву сарҷамъ дар гирди хон нишастан бо азизон  моро  мояи  хушбахтиву  сарфарозист.

Дар  баробари модаре, ки моро ба дунё оварда, дар гирудори ҳаёт, пастиву баландиҳо ва печу тоби зиндагӣ, лаҳзаҳои яъсу ноумедӣ  чун фариштаи  нигаҳбон  мутаккову пуштибон аст, Ватан низ дар ҳама гуна шароит, дар набардҳои пурпечу тоби зиндагӣ пушту паноҳ ва такягоҳи мост.  Аз ин ҷост, ки Модару Ватан барои инсон арзишҳои поку муқаддасанд.  Пас, барои ин ду муқаддасот ҷони худро фидо намудан арзанда аст.

Тоҷикистон – Ватани маҳбубу дилписанди мо чун модари мушфиқу меҳрубон моро дар канор гирифта, тамоми хушиҳои зиндагӣ, осудагиву амният, фаровониву бениёзӣ, хушҳоливу фараҳмандӣ, Ваҳдату якдилӣ, меҳру муҳаббат, садоқату самимиятро барояшон арзонӣ доштааст. Ин маънӣ дар тасвири шоир чунин садо медиҳад:

          Тоҷикистони зи ҷон ширинтарам,

          Тоҷикистони ҷавону дилбарам.

          Мисли тифле дӯст медорам туро,

          Аз ту ояд бӯйи шири модарм.

Зеботарин чеҳрае, ки дар тасвири назокати он ҳам қалби шоир ва ҳам  қалами рассом оҷизӣ мекашад, ин чеҳраи аз гармии танӯри тафсон, ҳини кандани нон лолагунгашта, вале бо табассуми латиф сӯйи тифлакони  мунтазири нон бо нигоҳи пурмеҳр дароз кардани кулчаҳои онон  аст. Чи манзараи зебо ва дилнишин аст он.

Агар маро пурсанд, ки ширинтарин таъм дар чист?  Бе ягон таваққуф ва фикр кардан ва бо дили пур мегӯям, ки нони гарме, ки модар аз танӯр канда медиҳад ва онро  дар оби чашмаи зулолу  мусаффои Ватан тар карда нӯши ҷон мекунам.  Ман ин таъми ширинро бо ягон шарбати дунё баробар намекунам.

Таманно мекунам, ки модари азизам, модари меҳрубону ширинзабонам ҷовидон   чун хуршеди тобон болои сари мо фарзандон нигаҳбон бошад ва модари кулли тоҷикон- Тоҷикистони биҳиштосо  чун як мазраи поки азизон, нишемангоҳи ҷумла бузургон, ёдгории беназиру бебаҳои ниёгонамон то абад шукуфон ва ҳамеша пуштибони мо фарзандон бошад.

Мақсуд Раҳматуллоев, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg