КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизби “Сино-2” бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва Саидов Умар мулоқот вобаста ба Рӯзи Модар анҷом дода шуд.
Зимни суҳбат аз ҷониби ҳозирин қайд гардид, ки ҳамасола дар ҷумҳурӣ дар моҳи март Рӯзи Модар бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Ин шаҳодати он аст, ки зан – модар тарбиятгари насли наврасу ҷавон буда, барои ҳар инсон азиз аст.
Дар охир аз ҷониби кормандони масъули ҳизбӣ, ки моро дар пеш ҷашни муҳими таърихӣ, яъне 30 – солагии Истиқлолияти кишвар интизор буда, пеш аз ҳама занону бонувонро водор месозад, ки дар доираи дастуру ҳидоятҳои созандаи Сарвари давлат барои боз ҳам ободу хуррам, тозаву озода гардонидани мамлакати худ ҳарчи бештар саҳмгузор бошем.