КӮЛОБ. Бо иштироки кормандони масъули ҳизбӣ Мунавараи Бозоралӣ ва Таварзода Азизҷон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 озмуни иншои беҳтарин таҳти унвони “Модар яктост, Тоҷикистон яктост” бо хонандагони синфҳои болоӣ баргузор карда шуд.
Сарраввал, Мунавараи Бозоралӣ мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ба сухан баромада, иброз намуд, ки озмуни мазкур пеш аз ҳама бахшида ба “Рӯзи Модар” гузаронида шуда, бори дигар ҷавонони моро водор месозад, ки ба зан-модар эҳтиром гузошта, қадру қимати модарро донанд.
Дар фарҷоми озмун ғолибон бо Сипосномаҳо сарфароз гардонида шуда, миннатдории худро ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб барои ташкил кардани чунин озмун расониданд.