КӮЛОБ. Бахшида ба таҷлили сазовор аз Рӯзи Модар дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Театри С. Вализода” чорабинии идона баргузор карда шуд. Зимни чорабинӣ муовини раиси Кумитаи иҷрияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саймуминзода Фирӯз Саймумин ва роҳбари ташкилоти ибтидоӣ, узви фаъоли ҲХДТ, директори театри мусиқӣ – мазҳакаи ба номи Сайдалӣ Вализода Мустафои Ватан иштирок ва баромад намуданд.
Аз ҷониби ҳозирин қайд карда шуд, ки модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва некӯбахши рӯҳу ҷон мебошад. Ҳамзамон таъкид гардид, ки нисбати модарони худро сидқан дӯст доред, нисбаташон меҳрубону ғамхор бошед ва иззаташонро ба ҷо биоред.
Баъдан аз ҷониби ҳунармандони ин боргоҳи фарҳангӣ намоиши театрӣ таҳти унвони “Кафсан” ба хотири болидагии аҳли толор пешкаш гардонида шуд.
Сипас, бо дастгирии роҳбарияти театри мазкур наздики 30 нафар занон бо туҳфаҳои хотиравӣ дар фазои тантанавӣ қардшиносӣ гардиданд, ки занон аз ин таваҷҷуҳ хушҳол шуда, изҳору сипосу миннатдорӣ намуданд.