БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар байни сокинони хонашини деҳот

ЛЕВАКАНТ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Назарова Фароғат ва Бобоҷонова Гулҷаҳон дар ҳошияи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз фаъолияти кории ҳунарманди мардумӣ бонуи ҳунар Мадудова Гулҷаҳон  аз наздик шинос шуданд.

Мадудова Гулҷаҳон аз хурдӣ тамоми нозукиҳои дӯзандагӣ, нақшбандӣ, гулдӯзӣ,тоқидӯзӣ, қуроқдӯзӣ ва якчанд ҳунари дигарро аз модари ҳунарманди худ омӯхтааст. Маҳз ана ҳамин ҳунараш аст, ки ӯ бо маҳсули дастони мӯъҷизаофараш рӯзгорашро таъмин месозад ва фарзандонашро хонадор кардааст. Инчунин ба даҳҳо нафар бонувону духтарони завқманд ҳунари худро омӯзонидааст. Маҳсули дастони бонуи ҳунар Гулҷаҳон дар даврони Шӯравӣ дар ВДНХ-и шаҳри Москва ба маърази тамошо гузошта шуда буд. Мадудова Гулҷаҳон чандин бор бо ифтихорномаҳо ва орден мукофонида шудааст.

Мадудова Гулҷаҳон мегӯяд, ки боиси ифтихор ва сарфарозист, ки Сарвари давлат ба мо ҳунармандон як солро бахшид. Ва мо низ дар навбати худ кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ҳунари худро ба ҷавонон омӯзонида, боз ҳам сайқал диҳем то маҳсули дасти мо ҳунармандонро сайёҳон ҳамчун армуғон аз Тоҷикистон бо худ баранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg