КӮЛОБ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб чорабинии ҳизбӣ таҳти унвони “Модари хушбахт” бахшида ба таҷлили “Рӯзи Модар” баргузор гардид.
Чорабинии доиградида бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Сайдмуминзода Фирӯз, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунавараи Бозоралӣ, Валиева Саъбагул зани фаъоли рӯзгордида, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, Даминова Арафамо директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ва дигар занони пешсафи ҷомеа баргузор гардид.
Нахуст, Мунавараи Бозоралӣ мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб баромад намуда, иброз намуд, ки дар ҳақиқатан зан-модар олиҳаест, ки боиси ситоиш, меҳрубонӣ ва гиромӣ доштан аст.
Дар идомаи суҳбат аз ҷониби меҳмонон барои арҷгузории модарон баёни андеша карда шуд.
Дар охир аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ба як қатор занони фаъол Сипосномаҳо тақдим карда шуданд.