БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МОДАРИ ХУШНАЗАРАМ ҲАР НАЗАРАМ ҲАДЯИ ТУСТ...

Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст,

Ҳарчи доранд ин ҷамоат аз дуои модар аст.

Он чи дар васфи биҳишт фармуд Қуръони Карим,

Соҳиби Қуръон бигуфто, зери пои модар аст.

АНДЕША. Модар  қимматтарин  неъмати рӯйи  дунё  сарчашмаи муҳаббати  беканор, чашмаи мусаффо ва маҳзани ганҷи фарзанд, ҳимматбаланд, шахси башрият аст. Маҳз  меҳри бепоёни ӯ ва навозиши гарми модар моро  бо  одаму олам ошно сохтааст. Канори модар худ биҳишти аввалин аст. Модар мехоҳад, ки тифлаш бенуқс сабзида, мададгори даврони пирӣ гардад.

           Оре, Модар мисли замин танҳо ва яктост. Бо ин маънӣ Лоиқ гуфтааст.

            Ту монанди замин танҳоӣ, Модар

            Ту монанди замин яктоӣ, Модар.

Инсон баъд аз раҳо гаштан аз оғӯши гарми модар қимати ӯро дарк мекунад. Зеро мисли канори модар биҳиштосо  макони дигаре нест. Барҳақ  шоир  фармудааст:

             Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст,

             Чун ба пои худ равон гаштем саргардон шудем.

   Модар дар ҳаёти шахс ҳама чиз аст:  тасалло дар  маъмулию имдодгароӣ, дар бадбахтӣ, қувва дар заифӣ, нур дар дили сиёҳи шаб. Хулоса  модар чашмаи шафқат, саховат, муқадимаи ҳаловату осоиш аст.

Модар!  Калимаест зебо ва шуниданаш гуворо. Калимаест, ки ҳатто аз  зебоии гул нозанинтар аст. Вақте, ки мо ин калимаро ба забон мегирем, ба ҷаҳоне ворид мешавем – ҷаҳони  меҳру шафат, самимият, ҷаҳоне, ки дар он  суруди «Алла» танинадоз аст.  Дар дунёи гармтар аз меҳр, ширинтар аз шаҳду шакар, болотар аз тавониву қудрат, нармтар аз дили модар чизе нест.

Модар ! Бароям хуршеди анвору моҳу  ахтарӣ, бароям бахту иқболи ва ёвару роҳбар низ ва ниҳоят, бароям сарчашмаи зиндагӣ, сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёт аст.

Мо бояд модари худро ҳурмату эҳтиром намоем ва ҳар панду андарзи ӯро, ки болотару волотар аз симу зар аст, бигирем.

              Ҳар ки бошад соҳиби ақлу тамиз,

              Модарашро доимо дорад азиз.

Ҳатто меҳре, ки аз тарафи модар ба мо дода мешавад, касе ба мо дода наметавонад. Агар мо тамоми умри хеш ба модар хизмат намоем, арзиши як шаба азоби ӯро надорад ба ин маънӣ шоири бузург чунин ишорат мекунад:

              Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,

              Бар ду ҷаҳонаш натавон баркашид.

              Дар ду ҷаҳон он надид рӯйи хуш,

              Теғаи нигаҳ ҳар ки барӯяш кашид.

Хулоса Лоиқ Шералӣ  модарро ба Ватан баробар мекунад. Аз нигоҳи шоир ҳар қадаре, ки меҳр бар модар дошт, ҳамон  қадар ба Тоҷикистон дошт.Тоҷикистон сарзаминест, ҳамаи бузургиҳояш шоирони гузашта ба монанди  Рӯдакиву  Айнӣ, Бедилу  Ҳофиз, Камолу Шоҳин ва дигарон маҳсуб меёбад.

Ватане, ки чун модари азиз дӯсташ медорему эҳтиромаш мекунанд. Ватане, ки  ҳар хасу хораш  ба бошандагонаш  муқаддас аст.  Тоҷикистони бузург имрӯз дарахти пурсамареро  мемонад, ки шохаҳои  пурқуввату бузургаш сояафкани  ҳар гулу  гиёҳаш  арзандаи ӯст  ва меваҳои рангину лазизаш мардуми бонангу номус  ва ба донишу баори он машҳури дунё гаштаанд.

            Тоҷикистон  меҳри ту  дар дилу дар ҷони мо аст.

            Офтоби шӯълапошат сад бар сад гулашан аст.

Эраҷ Мирзоев, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg