БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАЪМИНИ РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ КАФОЛАТИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИСТ

ДӮСТӢ. Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, вобаста ба самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин ва аз як замин гирифтани ду ва се ҳосил, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ба ҷамоатҳои деҳоти ноҳия сафарбар гардида, бо як қатор роҳбарон ва аъзои хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон  суҳбату вохурӣ доир намуданд.

Дар доираи суҳбатҳо оид ба  зиёд кардани ҳосилнокии замин, самаранок истифода намудани заминҳои хоҷагии деҳқонӣ, наздиҳавлигӣ ва бо ин васила таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ба деҳқонон фаҳмонида шуд. Инчунин, ба аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ вобаста ба сарфаю сариштакорӣ, захираи дусолаи маҳсулотҳои ғалладонагӣ ёдрас карда шуда, барои идома додани чораҳои пешгирию эҳтиётӣ аз бемории сироятии Ковид-19 дар ҷойҳои ҷамъиятӣ таъкид карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg