ВОСЕЪ. Бахшида ба «Рӯзи Модар» кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ собиқадорони меҳнатро аёдат намуданд.
Зимни аёдат собиқадори меҳнат аз ҷамоати деҳоти Тугарак момаи Тунуғой хеле шод гардида, миннатдории хешро аввал ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баъдан ба кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия баён намуда, барои тинҷиву оромии кишвари азизамон дуои хайр карданд.
Ҳамзамон собиқадори меҳнат Ахтамова Оламбӣ, ки солҳои дароз бо тарбияи наврасон машғул ҳастанд, иброз дошт, ки имрӯз зани тоҷик ҳам дар оиладорӣ ва ҳам дар фаъолияти корӣ муваффақ буда, рисолаташро бо масъулияти баланд иҷро мекунад ва мо занон миннатдорем, ки дар маркази таваҷҷуҳи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дорем.
Ба аёдатшудагон туҳфаҳои хотиравӣ ва табрикномаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ тақдим карда шуд.