АНДЕША. Модар қиматтарин неъмати рӯи дунё,сарчашмаи ҳаёт,сарчашмаи муҳаббати беканор,азизтарин шахси башарият аст. Ҳар як фарди рӯи олам бо шири сафеди модар бо аллагуӣҳои модар бо як меҳру муҳаббати беканори модар ба воя мерасад.
Агар аз хишти тилло қаср созӣ,
Ва ё моли ҷаҳон ёбӣ ба бозӣ.
Баракат дар олам ҳаргиз наёбӣ,
Агар модар набошад аз ту розӣ.
Маҳз меҳри бепоёну навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст, мо дар канори модар бо олами рангини кӯдакӣ ба воя мерасем аз ӯ дарси одамгарию ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ меомӯзем. Канори модар худ мактаби аввалини ҳаёти мост. Модар мехоҳад, ки тифлаш бе нуқс ва бе олоиш сабзида ба воя бирасаду мададгори давраи пирияш бигардад. Модаронро гиромӣ дошт, зеро агар ӯ набуд ту набудӣ ӯ бо ҳама вуҷудаш аз ту нигоҳдорӣ мекунад. Боке надорад, ки худ гурусна бошад ва туро сер кунад, худ дар офтоб бошад туро дар соя нигоҳ дорад. Шоири зиндаёд устод Лоиқ Шералӣ фармудааст:
Ту монанди замин танҳоӣ модар,
Ту монанди замин яктоӣ модар,
Ибодов Диловар, мудири бахши омори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ