ВАХШ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳия миёни хонандагони синфҳои болоӣ озмуни “Кани духтарон” гузаронида шуд.
Дар озмуни мазкур мудири шуъби кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, намояндагони шуъбаи маориф ва занони собиқадори соҳаи маориф иштирок намуда, ба ҳунару маҳорати гулдухтарон баҳои хуб доданд.
Эҳтирому қадршиносӣ ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа яке аз ҳадафҳои меҳварии Барномаи ҲХДТ маҳсуб ёфта, баҳри ҳамаҷониба амалӣ намудани он Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, бахшида ба ин ҷанши фархунда «Рӯзи Модар» дар рафти чорабинии мазкур мизи мудаввар байни ду насл-занони рӯзгордида ва ҷавондухтарон дар мавзӯи «Модари хушбахт»-ро низ гузарониданд, ки модарони хушбахт аз ҳаёту фаъолияташон баҳри гулдухтарон қисса намуданд.
Дар интиҳои чорабинии мазкур ғолибони озмуни иншои беҳтарин бо Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш қадршиносӣ гардиданд.