БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ МАРОМИ МОСТ!

ҶАЙҲУН. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар Ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллӣ дар деҳаи Фирдавсӣ бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Зайдулоев Муҳамадҷон, мудири шуъбаи таблиғот, иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Бекмамадов Асалмамад бо ҷалби аъзои фаъол ва ҷонибдорони ҲХДТ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, тоза кардани ҷӯю каналҳо ба роҳ монда шуд.

Дар рафти гузаронидани ин чорабинӣ зиёда аз 250 нафар сокинони Ҷамоати деҳоти мазкур  ба воситаи белу каланд ва техникаи пуриқтидор  тариқи ҳашари дастаҷамъона фаъолона иштирок намуданд.

Бояд қайд кард, ки дар доираи имкониятҳои мавҷудбуда корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg