БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР

Н.ХУСРАВ.  Масъулини  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи Носири Хусрав   бо  мақсади  таҷлили  сазовори  Рӯзи  Модар дар  муассисаи  таҳсилоти  миёнаи  умумии  №  10 бо  иштироки  ҷавондухтарон    мизи  мудаввар таҳти  унвони «Модари хушбахт»  баргузор  намуданд.

Мизи  мудавваро раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияАлизода  Сурайё оғоз  намуда,   қайд  кард, ки  занон  нерӯе мебошанд, ки  дар  ҳама  ҷабҳаҳои  зиндагӣ нақши  мурасир  мегузоранд. Занон  дар  тамаддуни  баланди ҷаҳонӣ,  махсусан дар  мақоми  муқаддаси  модарӣ  саҳми  босазое доранд. Таҷлили  Рӯзи  Модар  дар  замони  Истиқлолияти  давлатӣ бо кӯшишу  дастгирӣ  ва  талошҳои  Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  занону духтарон мақому  манзалати  хешро  пайдо  карданд.  Мо  барои суннатҳои  ахлоқии  ниёгон бояд  ҳамеша  кӯшиш ба  харҷ диҳем, хислатҳои  хоси  занони  тоҷик  ҳамчун  «Модари  хушбахт»   ҳифз  шаванд ва  мавқеи  худро  аз  даст  надиҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg