БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ташаббусҳои барҷастаи Пешвои миллат аст!

КӮЛОБ. Дар  ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тоҷиктелеком” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вобаста ба самтҳои афзалятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.

Дар маҷлис  мудири шуъбаи таблиғоот, иттилот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирузи Саидмӯъмин ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тоҷиктелеком” Кароматов Саъдулло иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, мудири шуъбаи таблиғоот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ Фирӯзи Саидмӯъмин ба сухан баромада, иброз намуд, ки аз ҷониби Пешвои миллат эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бори дигар аз пайки нек ва ватанпарастию меҳандӯстии Сарвари давлат нисбат ба расму ойинҳои мардуми тоҷик дарак медиҳад. Ин иқдоми наҷибу ғамхорона яке аз ташаббусҳои барҷастаи Роҳбари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар Паёми имсолаашон ба мардум ироа намуданд.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тоҷиктелеком” Кароматов Саъдулло қайд намуд, ки амалӣ намудани нуктаҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ, метавонад мақоми кишварро дар арсаи байналхалқӣ боло барад ва сатҳу сифати зиндагии мардуми кишварро беҳтару хубтар гардонад.

Дар охири маҷлис  иштирокдорон қайд намуданд, ки ҳамаи он дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда, рӯз то рӯз ин ҳунарҳои аз ниёгони мо бозмондаро аз сари нав зинда намуда, ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg