БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ РОҲНАМОИ МО БА СӮИ ФАРДОИ ДУРАХШОН

ҲАМАДОНӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим” вохӯрии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат баргузор гардид.

Зимни баромад мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти   Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев  иброз дошт, ки дар Паёми имсолаашон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тандурустиро яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ ҳисобида, қайд карданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар даврони истиқлол маблағгузории соҳаи тандурустиро ҳамасола зиёд карда, то ба 2,1 миллиард сомонӣ расонидааст.

Дар ин давра зиёда аз 1300 муассисаи нави тиббӣ бунёд гардида, қариб 25000 кадрҳои дорои маълумоти олӣ ва 147000 кормандони миёнаи тиббӣ тайёр карда шудаанд. Ҳоло дар соҳаи тандурустии кишвар 110000 нафар кормандон фаъолият мекунанд, ки аз онҳо 75000 нафарашон табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ буда, беш аз 68%-ро занон ташкил медиҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg