ҲАМАДОНӢ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Почта-Тоҷиктелеком” оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат вохӯрӣ гузарониданд.
Зимни баромад мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев қайд кард, ки дар Паёми имсолаашон Пешвои миллат ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони “Илм -фуруғи маърифат” гузарониданро таъкид дошт
Пешвои миллат гузаронидани озмуни навбатӣ истеъдодҳои наврасу ҷавон донишу маҳорати хешро санҷида дар оянда барои пешрафти илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ нақши арзишманд гузоштанро умедворӣ карданд.