БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СУҲБАТУ ВОХӮРИҲО БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ФАРХОР. Дар доираи нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба тарғибу ташвиқи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ва ҳамзамон, пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус кормандони масъули Кумитаи иҷроия бо усули «хона ба хона» дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки  ноҳия гардиш доир намуданд.

Зимни гардиш бо сардорони оилаҳо бо иқтибосҳо аз Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, иброз доштанд, ки ҳоло дар кишвар ислоҳоти иқтисодӣ марҳала ба марҳала идома дошта, гузариш ба модели нави рушди иқтисодӣ ва расидан ба ҳадафҳои тараққиёти устувор тибқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» амалӣ шуда истодааст. Дар солҳои охир ҳаҷми воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз ду баробар афзуда, суръати миёнаи солонаи рушди иқтисодӣ ба 7 фоиз баробар шуд, ки ин мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ нишондиҳандаи баланд ба ҳисоб меравад. 

Дар ин рӯз аз тарафи масъулин ба сокинон маводҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии коронавирус ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, инчунин, ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg