Як шаба он ранҷ, ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳон нататавон баркашид.
АНДЕША. Модар қиматтарин неъмати рӯи дунё, сарчашмаи муҳабатти беканор, чашма мусаффо ва махзани ганҷи фарзанд, ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Заҳмати шабонарӯзӣ, бедорхобӣ пурбардории ӯ танҳо ба худаш хос буда, касро ба ҳайрат меорад. Мо канори модар бо олами рангини кӯдакӣ ба воя мерасему аз ӯ дарси одамгарию ватандӯстиро меомӯзем. Канори модар худ биҳишти аввалини ҳаёти мост. Ба зери болини кӯдак гузоштани китоб ё муқаддасоти дигар, рамзи худро дорад. Модар мехоҳад, ки тифлаш бе нуқс сабзида, мададгори даврони пирӣ гардад.
Инсон баъд аз раҳо гаштан аз оғӯши гарми модар қимати ӯро дарк мекунад. Зеро мисли канори модар биҳиштосо макони дигаре нест. Барҳақ шоир фармудааст:
Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст,
Чун ба пои худ равон гаштем, саргардон шудем.
Модар дар ҳама ҳолат чӣ ҳозиру ғоиб пайваста дар ёди фарзанд аст. Оромиву сиҳатӣ ва хушгуфтории фарзандро дида меболад. Аҷаб дунёи рангину зебо дорад, модар…
Мутаассифона, на ҳама вақт мо ба иззати ин ганҷи бебаҳо расида
метавонем. Гоҳ дар дарёи пуршӯри ҷавонӣ ишқу ҳавас заврақ меронему модарро фаромӯш месозем. Аммо баъд аз кирдори худ пушаймон гашта, ӯро намеёбем.
Оре, давлати фарзанд модар аст. Нақши ин шахсияти нотакрор дар адабиёт мақоми хоса дорад. Шоирону адибони олам симои воқеии ӯро бо сухан нишон дода, номашро то моҳ баровардаанд. Модар ба чунин қадрдонӣ сазовор аст. Зиндагӣ худ шеър аст, ки ба аллаи модар ибтидо гирифта, бо номи он хотима меёбад. Ана ҳамин бузургию шаҳомати ӯро ба назар гирифта модарро тимсоли Ватан медонанд. Ҳар фарзанде, ки қимати модарро донад, бо дуояш хушбахту шуҳратёр мегардад. Дасти дуои модар калиди дари хушбахтии мост.
Ҳама олимону шоирон, ҳунармандону косибон парвардаи боғи муаттари дунёи ҳавасҳои модаранд. Аз ин рӯ, ҳар кас бояд қадри ин ганҷи бебаҳоро донад.
Зиҳӣ, модар, бо чунин қудрату матонат, эҳсону ҷасорат ва меҳру садоқати беканор,ки бузургони олам пешат сар фуруд меоранд.
Идатон муборак, модарону хоҳарони азиз!
Тағайзода Рустам, муовини раис - мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор