БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОЗМУНИ ИНШОИ БЕҲТАРИН БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР

ЛЕВАКАНТ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант баҳри дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани “Рӯзи Модар” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 озмуни иншои беҳтарин таҳти унвони “Модар яктост - Тоҷикистон якто!” миёни хонандагони ин муассисаи таълимӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Суҳроб Валиев ва Каниева Низора баргузор гардид.

Суҳроб Валиев назди ҳозирин баромад намуда, шартҳои озмунро тибқи низомнома муаррифӣ карда, вобаста дар мавзуи нақши занон дар ҷомеа ибрози ақида намуд.

Дар ҷамъбасти охир ғолибони озмун муайян гардида, сазовори ҷои якум хонандаи синфи 11-а Маҳмадиева Сабрина, сазовори ҷойи дуюм Марҳабои Давлатализода ва сазовори ҷойи сеюм Абдуназарзода Зуҳро гардиданд. Сипас, аз тарафи намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ғолибон бо Сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg