АНДЕША. Паём ҳуҷҷати муҳим барои рушди минбаъдаи иқтисодиёти миллии кишвар буда, баланд бардоштани нерӯи инсонӣ, сатҳи маълумотнокӣ ва беҳтаршавии сифати зиндагии мардум меҳвари асосии онро ташкил медиҳад.
Ман ҳамчун як сокини ҷумҳурӣ ифтихор аз он дорам, ки дар давраи аз Паём то Паём дар пешрафту тарақкӣӣ ва рушду гулгулшукуфии давлатамон дигаргуниҳои зиёде ба вуқӯъ меоянд.
Тавассути татбиқи чорабиниҳои дастаҷаъмона дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, ба шуғли доими фаро гирифтани аҳолӣ, рушди соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ яке аз самтҳои ин ҳуҷҷати муҳим ба шумор меравад. Ташкили нави ҷойҳои корӣ, ворид намудани технологияи муосир, дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ, инчунин ташкили корхонаҳои муштарак ҳамаҷониба, ки дар Паём таъкид гардид аз Паём то Паём амалӣ гардида истодаанд.
Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ қайд гардид, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ яке аз кишварҳои татбиқкунандаи “иқтисодиёти сабз” маҳсуб ёфта, аз лиҳози истифодаи манбаҳои таҷдидшавандаи энергия дар қатори шаш мамлакати пешсафи сайёра қарор дорад. Зеро 98 фоизи барқ тавассути неругоҳҳои барқии обӣ истеҳсол мешаванд. Дар Паём таъкид гардид, ки барои бунёд ва ба кор андохтани агрегатҳои нерӯгоҳи барқии оби Роғун ба зиёд шудани миқдори истеҳсоли нерӯи барқ ва таъмини тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар мусоидат менамояд. Хушбахтона чархи якум ва дуюми ин нерӯгоҳи барои ҷумҳурӣ хеле муҳим ба кор андохта шуда, яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар таъмини истиқлолияти энергетикӣ таъмин гардид. Роғун бузургтарин ва аз ҳама муҳимтарин иншоотии гидроэнергетикии Тоҷикистон ба шумор меравад. Бо сохта шуда ва ба кор андохтани нерӯгоҳи Роғун рушду тарақкиёти босуръат ва ояндаи пурсаодати Тоҷикистон боло рафта, сатҳу сифати зиндагии мардум баланд мегардад.
Дар Паёми худ Сарвари давлатамон махсус қайд намуданд, ки барои рушди туризм, бахусус туризми экологӣ, имкониятҳои зиёде мавҷуд мебошанд. Аз ҷониби дигар, мавҷуд будани ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, либоси миллӣ, иқтидори табиӣ- иқтисодӣ, сайёҳию кӯҳнавардӣ имкониятҳои сармоягузорӣ ба иқтисодиёти кишварро афзун менамояд.
Инчунин, ба таъмини амнияти озуқаворӣ, қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти аҳолӣ бо маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, сарфакорона истифодаи замину об барои дар сатҳи баланд амалӣ, намудани ин иқдомот Сарвари давлат ҷиҳати беҳтар амалӣ гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ки то соли ҷорӣ эълон гардидааст, саҳмгузор мебошад.
Пешвои миллат соҳаҳои иқтисодиёти миллии кишварро таҳлил намуда, қайд намуданд, ки нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишварамон дар сатҳи устувор нигоҳ дошта, суръати воқеии иқтисодиёти кишвар 4,5 фоиз дар ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохил, ба 82,5 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Бо мақсади ҳавсмандгардонии кишоварзон ва бо мақсади ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, инчунин афзун намудани маҳсулоти худӣ аз 1 январи соли 2021 кишоварзони кишвар аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шуд, ки ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум ва ба таъмини бозори истеъмолии кишвар мусоидат менамояд.
Паём ҳуҷҷати стратегиест, ки дар он паҳлуҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ -иҷтимоии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Дар Паёми худ Сарвари давлат ҳимояи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, амнияти кишвар, ҷалби сармояи хориҷӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди иқтисодӣ -иҷтимоӣ буда, рушди устувори иқтисодиёт меҳвари асосии онро ташкил медиҳад. Бо назардошти рушди иқтисодии кишвар ва имкониятҳои мавҷудаи молиявӣ стипендияҳои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин магистр, аспирант, ва докторантҳо 30 фоиз зиёд гардид.
Ҳифзи масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳақкиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвонӣ “Илм-фурӯғи маърифат” баргузор мегардад. Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳу саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳуввияти миллӣ, омӯзиши илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар аст. Дар Паёми худ Пешвои миллат мо роҳбарон ва омӯзгоронро вазифадор карданд, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот аз муассисаҳои томактабӣ сар карда то зинаҳои дигари таҳсилот ба таври ҳатми омӯхтани забонҳои хориҷӣ махсусан русиву англисӣ ва техналогияҳои иттилоотиро ташкил намуда, назорати қатъии сифати таълимро дар ин самт ба роҳ монем.
Дар Паём махсусан вазъи мураккаби ҷаҳони муоссир, раванди босуръати мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳиллаи нави “ҷанги сард” муфассал баҳогузори шуда, ихтилофу талошҳо байни кишварҳои абалқудрати ҷаҳон барои устувор намудани мавқеи геополитики ва геостратегӣ идома ёфта истодаашон муфассал баён гардид.
Дар паёми худ Сарвари давлат қайд намуданд, ки раванди босуръати ҷаҳонишавии бемории сирояти СОВИД-19, коронавирус ки имрӯз ҳама гуна сарҳадро убур намуда, паҳн шуда ба паст рафтани фаъолияти иқтисодӣ ва афзоиши бекорӣ, ба буҳрони шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ ру ба рӯ омад. Дар раванди ин таҳаввулот Ватани азизи мо низ ба ҳайси як давлати соҳибистиқлол ва соҳибтаммудун аз ин ҷараёну равандҳои фарогир берун буда наметавонад.
Ин ихтилофоту равандҳо мо сокини ватанамонро водор месозад, ки ба ноил шудан ба дастовардҳои бештар аҳлона заҳмат намуда, иқтидори иқтисодии онро бештар намоем, ваҳдату якдилӣ якпорчагии онро ҳифз намоем
Дар мачмуъ Паёми имсолаи Сарвари давлат барои дар андешаи ҳар як сокини кишвар бахусус мо ҷавонон моҳияти соҳибистиқлоливу озодӣ, соҳибватаниву арзишҳои неки миллӣ, дарк намудан ва бо бовари комил барои амали намудани нуктаҳои асоси Паём фаъолу ташаббускор буданро тақозо менамояд. Аз ин лиҳоз вазифаи ҳар яки мо сокинони давлат хурду бузург аз он иборат аст, ки саъю талоши худро дар навбати аввал ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ дар кишварамон сафарбар намуда, рушди 1202 устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, иродаи мустаҳкам дошта бо съю талоши аҳлона , заҳмати содиқонаи ҳамаи сокинони кишварро сафарбар намоем.
Каримзода Ислом, директори МТМУ № 20-и ноҳияи Восеъ