ЛЕВАКАНТ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ҷиҳати дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Рӯзи Модар ва айёми истиқболи Наврӯзи Аҷам дар партави сиёсати хирадмандонаю ғамхоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдом гирифтаякчанд занони эҳтиёҷманд ва собиқадори ҳизбро аёдат карда, ба онҳо туҳфаҳо ва маводҳои ғизоиро тақдим намояд.
Боиси зикр аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози истиқлолият вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тамоми тадбирҳои заруриро андешида, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ мегардонад. Нақши модар махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавию ахлоқии фарзанд барҷаста ва ҳатто муайянкунанда мебошад.