БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пешвои мо-ифтихори мо

КУШОНИЁН. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомлӣ Раҳмон дар мулоқот бо  намояндагони ҷомеаи кишварамон,  оид ба қадру қиммати инсон, арзишҳои динӣ, вижагиҳои моҳи Шарифи Рамазон, пурзӯр шудани терроризм экстремизм суханҳои таҳсирбахш гуфтанд.

Яъне дардҳо, мушкилотҳои ҷомеа  ҳаматарафа баён шуд. Аз баски суханони Пешвои миллат дар арафаи моҳи Шарифи Рамазон буд, боз ин вохурӣ ба сокинон маънои дигар бахшид. 

Масъалаи дигаре, ки дар суханронии Пешвои миллат баён гардид ин тағйирёбии  иқлим ва нақши инсон дар он ва оқибатҳои зарари он ба мардум буд, ки бо мисолҳои  мушаххас  изҳори ақида гардиданд.

Суханронии  Пешвои миллат  ҳар яки моро ба ҳифзи Ваҳдати миллӣ  ва Истиқолияти давлатӣ ба қадри сулҳу субот, оромӣ расидан водор менамояд.  Як мисолро ба хотир меорам, ки Пешвои миллат қайд карданд, ки аз нарасидани оби ошомиданӣ  1 миллиону  400 ҳазор кӯдак танқисӣ мекашанд ва боз як миллиард кӯдак дар ҳолати қашшоқӣ  умр ба сар мебаранд аз ин ҳисоб ҳар сол 22 ҳазор кӯдакон мемиранд. Акнун ин маьниро ба кӯдакони кишварамон қиёс кунем,чи  қадар фарқият  дорад, аммо мутаасифона ҳоло ҳам мо ба қадри об ганҷи бебаҳо намерасем.

Вазъи нооромии дунё махсусан ҷангҳои Сурия, барои ҳамаи давлатдорону сиёсатмадорон  дарси ибрату сабақ аст, зеро  шумораи муҳоҷирон ба ҳафт миллиону 600 нафар  расидааст, инҷо гурезаҳои мардумамонро дар солҳои 1992 ба ёд биорем, ки мову шумо шоҳид будем ва бахти баланди мардуми мо, ки калимаи гуреза, дар ғарибӣ ҷон доданд, аз ёдҳо рафтанд. Аз ин рӯ ҳамаи кулфатҳои замони на чандон дурро Президенти маҳбубамон  таҳлил карда, моро ба иттиҳоду сарҷамъӣ,  ваҳдати сартосарӣ дӯстдории Ватан-Модар  ҳидоят менамояд, яъне мо бояд ҳамаи дастовардҳои мардумамонро ҳифз карда тавонем.  Мехоҳам як нуқтаро ба ёд орем, ки рӯзи 27.04.2018 дар маҷлиси ҳукуматӣ ба ҳамаи роҳбарони вазоратҳо,  раисони шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳо  супориши қатъи дода шуд ки ба ифтихори 30- солагии Истиқлолияти мамлакат то 9.09.2021 дар ҳар як маҳаллу деҳот, сохтмону таъмир кардани муассисаи то мактабӣ, мактабҳо, маркази саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ вусъат дода шавад. Ғайр аз ин аз ҳама чизи асосӣ сохтмони китобхонаҳо, ҳаммомҳо, сартарошхонаҳо, кошонаи ҳусн, боғҳову гулгаштҳо, ҷойҳои сайру истироҳатҳо, коргоҳҳои дӯзандагӣ бо оби ошомиданӣ таъмини мардуми деҳа, таъмини роҳҳои деҳаҳо то ҷашн бояд ба анҷом расонида шавад.

Бояд қайд кард, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён аз рӯи накша-чорабинии худ оиди мулоқоти  Пешвои миллат бо намояндагони ҷомеаи кишварамон гурӯҳҳои кории ташвиқотӣ ташкил дода, байни ҷавонон ва занони  ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия суҳбату вохӯрӣ ва мулоқотҳо доир  намуда, барои ободиву шукуфоии Ватан, сулҳу суботи  кишвари азизамон  корҳои амалиро анҷом дода истодаанд.

 

Мунаввара Сатторова, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg