ДӮСТӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маорифчиён" бо иштироки аъзову ҷонибдорони ҲХДТ бахшида ба Рӯзи Модар дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 озмуни вилоятӣ таҳти унвони "Аллаи модар" баргузор гардид. Дар озмуни мазкур кормандони шуъбаи маориф, муаллимон ва талабагон фаъолона иштирок намуда, дар васфи зан- модар шеърҳо қироат намуданд. Инчунин, якчанд омӯзгорони собиқадор ба сухан баромада, дар бораи зан -модар ва нақши онҳо дар пешрафти ҷомеа маърӯза карданд. Дар ҷамъбасти чорабинӣ иштирокчиёни фаъол бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.