БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МОДАР ЯКТОСТ, ТОҶИКИСТОН ЯКТОСТ

ДӮСТӢ.  Ба муносибати  “Рӯзи Модар” дар муассисаи таълимии Гимназияи давлатии №1-и ноҳияи Дӯстӣ миёни хонандагони синфҳои 10 ва 11 бо иштироки кормандони  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Дар ноҳияи Дӯстӣ озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯъи “Модар яктост,Тоҷикистон якто!” гузаронида шуд.

Пеш аз оғози озмун мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ С. Юсупов    оид ба қадру манзалати зан- модар ибрози андеша намуда, қайд кард, ки ғамхории рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба зан- модар хело беандоза аст. Маҳз натиҷаи хизматҳои шоёни Сарвари давлат аст, ки имрӯз занону духтарон дар тамоми ҷабҳаҳо дар баробари мардон кору фаъолият намуда, дар ҷомеа нақшу мақоми онҳо баланд бардошта шудааст.

Ҳамчунин ба саҳми хонандагон расонида шуд, ки ба қадри модари хеш расида, ҳурмати волидайнро ба ҷо оранд. То насибашон дуои хайри онҳо гардида, баракати дунё пайваста ёру мададгорашон бошад.

Баъди баррасии иншоҳои навиштаи хонандагон дар васфи “Модар яктост, Тоҷикистон якто!” аз тарафи омӯзгори фанни забон ва адабиёти муассиса ва корманди ҳизб С. Юсупов  санҷиш  гузаронида  шуда, ҷойи  якум, ҷойи дуюм ва ҷойи сеюм муайян карда шуд. Дар охир ғолибони озмун аз муассисаи таълимии Гимназияи давлатии №1-и ноҳияи Дӯстӣ  хонандаи синфи 11 Ҳабибова Аниса ҷойи 1-ум, Қурбонова Фотима хонандаи синфи 10 ҷойи  2-юм, Файзалиева Гулноза хонандаи синфи 11 ҷойи  3-юм, Ҷаҳонорои Зокир хонандаи синфи 10 ҷойи 3-юм ва Муродов Таваралӣ хонандаи синфи 11 ҷойи  3-юм сазовор гардида, бо ифтихорномаи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ сарфароз гардонида шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg