ДӮСТӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Баморхонаи-1" Ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбату вохӯрӣ доир гардид.
Дар рафти суҳбат аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Инчунин, оид ба риояи ҳатмии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ибрози андеша карда шуд. Вобаста ба пешгирии бемории ҳамагири Ковид-19, коронавирус ёдрас гардида, таъкид карда шуд, ки ҳарчанд бемории мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нест шуда бошад ҳам, аммо бояд мо чораҳои эҳтиётӣ ва пешгирикунандаро идома дода, пайваста аз ниқоб, собун ва антисептикҳо истифода барем.
Дар поёни суҳбат роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Беморхонаи 1"-и Ҷамоати шаҳраки 20-солагии Иистиқлолияти Тоҷикистон Саидзода Аюб, барои тарғибу ташвиқи ғояву барномаи ҳизбӣ ва саҳми арзандааш дар пешрафти фаъолияти ҳизб аз бо сипоснома қадрдонӣ карда шуд.