ДАНҒАРА. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара бо мақсади қадрдонии фаъолзанон ва собиқадорони ҳизбу меҳнат ба муносибати “ Рӯзи Модар чорабинии сатҳи баланди идона роҳандозӣ карда, ба онҳо туҳфаҳои идона ва хотирмон тақдим намуданд.
Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар суҳбат бо занону модарони фаъол иброз доштанд, ки самара ва баракати Истиқлолият аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 8 – март “Рӯзи Модар ” эълон гардида, аз ғамхориҳои беназири Сарвари давлат бобати баланд бардоштани мартабаву мавқеи занон дар кишварамон шаҳодат медиҳад.