ВОСЕЪ. Бо мақсади иҷрои нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бахшида ба “Рӯзи Модар” дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Писари ман-сарбози Ватан” бо иштирои кормандони масъули он ташкил ва гузаронида шуд.
Дар Аксияи баргузоршуда модароне, ки писарони онҳо, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои адои қарзи фарзандии хеш рафтаанд, даъват гардиданд.
Ҳамзамон модарони сарбозон миннатдории худро ба Пешвои муаззами миллат, ки шароитҳои хубро барои хизмати Ватан баҳри фарзандони онҳо муҳайё намудааст, расонида, қайд намуданд, ки хизмат ба Ватан-Модар қарзи ҳар як ҷавонмарди бонангу номус аст. Мо мехоҳем, ки фарзандони мо бо сари баланд хизматро адо намуда, баҳри тинҷию оромии кишвари азизамон саҳми худро гузоранд.
Дар охир модарони сарбозон барои тарбияи фарзандони далеру шуҷоъ ва бахшида ба “Рӯзи Модар” бо туҳфаҳо ва сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.