БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САҶДА ОРАМ ПЕШИ ПОИ МОДАРАМ...

АНДЕША. Модар чи калимаи зебост. Ҳар бор, ки калимаи модар ба забон меояд симои модар бо як меҳру муҳаббат, бо як хурсандӣ пеши назар меояд. Модар ширинтарин сухан дар забон, қимматтарин ганҷ дар қалб ва азизтарин шахс дар ҳаёти мост.

Модар он сарчашмаи ҷӯшони ҳаётест, ки ҳастии моро аз файзи худ шодоб мегардонад. Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат, шавқати беканор, нури ҳар як хонадон аст. Модар он моҳи дурахшоне, ки бо нури меҳрбораш шабҳои тираю торики моро равшан месозад.
Модар офтоб аст дар зиндагӣ, ки моро гармию рӯшноӣ мебахшад. Зиндагӣ аз модар оғоз мешавад ва дунё аз бӯйи муқаддаси ӯ атрогин аст.
Модар бонуи ҳар як хонадону ҳуснбахши замину нусратбахши тамоми руҳи инсон аст.Чеҳраи нуронии модар барои мо азизу мукаддас аст ва
дасти навозишгари ӯ таскинбахши мо дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ аст. Модар тамоми умр баҳри пешравию саодатмандии рӯзгори фарзандонаш кӯшиш мекунад ва ба зиндагии мо шукӯҳу шаҳомат мебахшад.
Модар шахси бузург ва муқаддас аст. Ҳангоме, ки чеҳраи зебои модар пеши назар меояд, аз чашмони ӯ, аз тамоми ҳастии вай нуру сафо меборад. Ин нур пайроҳаи ояндаи ҳаётамонро равшан месозад.

Модар офарандаи ҳастии зиндагӣ буда, аз ҳама ноёбтарину азизтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беҳамтои модар ба монанди хуршеди оламафрӯз аст, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад, ишқу муҳаббати поки модар ба мисоли чашмаҳо ва дарёчаи пурҷӯшу хурушест, ки дашту биёбон ва бодияро гулистоне мекунад, ки инсоният аз он ҳаловату таровати хосаеро ба худ мегирад.   

Зеботарину гуворотарин ва азизтарин сухан ин каломи Модар мебошад.

Модар ту болои дилу дидаи мо фарзандонӣ!  Таҳти ин панҷ ҳарф чӣ қадар меҳру муҳаббат, хушгуфторию хушрафторӣ, бузургиву нақши хоксорӣ, ишқу садоқат ва дилбастагиву дилдодагӣ бо қалби саршор аз меҳру муҳаббат нуҳуфтааст. Дар дунё муқаддастар ва пуртуғёнтар аз модар дида ганҷинаи ноёбе нест ва тамоми ҳастии вуҷуди мо аз модар аст, маҳз бо туфайли модар мо ба дунё омада, одам ном гирифтем. Аз ин ҷост, ки мо ӯро муқаддас мешуморему дар лаҳзаҳои душвортарин номашро ба забон мегирему мегӯем: Модар! Модар!Модарҷон!

Дилам хоҳад равам бар кӯи модар,
Вуҷудам пур шавад аз бӯи модар,

Тамоми рӯи дунёро бигаштам,
Надидам рӯи хуш ҷузъ  рӯи модар.

Дар охир ҳамаи модарони Ватани азизамонро бо фарорасии Рӯзи Модар, ки ба оғози баҳори оламафрӯз рост меояд, табрик ва таҳният гуфта, барояшон пеш аз ҳама сихатмандии комил, иқболи нек, умри дароз ва ҳама хушиҳои зиндагиро таманно дорам. Бигзор дили модарон ҳамеша монанди чашмаҳои кӯҳистони диёрамон поку мусаффо ва мисли табиати ҳамешабаҳори Тоҷикистони азизамон зебову муҷалло бошад!

Идатон муборак, модарони азиз!

Мирзоева Гулрухсор, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи  Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg