БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗӮИ “МОДАРИ ХУШБАХТ”

ВОСЕЪ. Бо мақсади иҷрои нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бахшида ба “Рӯзи Модар” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ бо иштироки мудири шуъбаи занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Солиҳов Фарух ва мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Гулрухсор Мирзоева мизи мудаввар дар мавзӯъи “Модари хушбахт” баргузор гардид.

Ҳамзамон дар вохӯрӣ ду насл занони рӯзгордида ва ҷавондухтарон иштирок намуда, оид ба мавзӯъи дар боло зикршуда фикру андешаҳои худро иброз намуданд.

Зимнан Гулрухсор Мирзоева ҳамаи иштирокдоронро бо “Рӯзи Модар” табрик намуда, қайд кард, ки дар бунёди ҷомеаи демократии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба маърифати зан таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад. Ба ин хотир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо ва паёмҳои ҳарсолаашон ба масъалаи баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа диққати ҳамагонро ҷалб месозанд.

Бояд қайд намоем, ки суҳбат бо модарони рӯзгордида бисёр ҳам шавқовару ҷолиб буд ва ҷавондухтарон аз фаъолияту зиндагии онҳо ба худ дарси ибрат гирифтанд ва дар охири суҳбат занон хоҳиш карданд, ки баҳри тарбияи дурусти ҷавондухтарон ва омӯзонидани дарси зиндагӣ ба онҳо чунин вохӯриҳо зиёд карда шавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg