БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МОДАР – ОФТОБИ ТОБОНИ МО

АНДЕША. Калимаи аввалини шахс дар саросари дунё модар аст, сухани охирин ҳам модар аст. Дунё ба навозиши модарон такя мекунад. Дар дунё аз модар дида касе азизтар нест. Дар бораи ишқи бепоёни ӯ шеърҳо, сатрҳо ва мақомҳои зебо эҷод карда шудаанд. Шахси азизтарин дар тамоми рӯи Замин сазовори чанд сухани гарму самимии ӯст, ҳамин тавр не? Чанд маротиба ба модарони худ диққат диҳед! Чанд вақт пеш Шумо бори охир ба ӯ гуфта будед, ки дӯсташ медоред ва барои тамоми кораш миннатдоред?

Модар – ин мавҷуди нотакрори офаридаи Худо ягона мавҷудест, ки ба фарзанд неруи сухан гуфтан ва шеваи роҳ рафтан меомӯзад. Танҳо модар дастгиру дилсӯз ва ҳамдами розҳои фарзанд мебошад.

Як афоризм мегӯяд, ки модар синоними ишқ аст, иқтибоси дигар мегӯяд, ки модар номи Худо дар лабону дили кӯдакони хурдсол аст. Ва ин калима барои ҳамаи сокинони Замин, новобаста аз он, ки бо кадом забон ҳарф мезананд, фаҳмост. Ва албатта, дар бораи модарон афоризмҳо, ибораҳо ва гуфтаҳо хеле зиёданд.

Модар онест, ки бидуни таътил, рӯзҳои истироҳат ва бо шабзиндадориҳо заҳмат мекашад, то фарзанд роҳат бошад ва дар зиндагӣ мушкиливу камбудиро набинад. Модар будан масъулият, рисолат, вазифа ва муҳаббати бузург аст.

Бо гуфтан ё шунидани ин калимаи муқаддас, яъне модар, ишқи бепоён дар дили мо беихтиёр пайдо мегардад ва дар лабонамон табассум. Ҳар гоҳе ки симои меҳрубони модар назди мо ҷилвагар мегардад, дар рагҳои мо самимият ва меҳрубонӣ мисли дарё ҷорӣ мешавад. Бо гуфтани модар, ҳам забон ва ҳам дили мо аз меҳру муҳаббати беҳамтои инсонӣ пур хоҳад шуд. Модар он қадар бузург ва тавоност, ки тамоми башариятро бо қудрат ва муҳаббати бузурги намоёнаш ба оғӯш мекашад, ба дарди онҳо даво мегардад.

Модар, модари мо, офтоби тобони мо, қуввату дармони мо, мунису ғамхори мо!. Ӯ азизи мост...

Нафиса Нарматова, мутахассиси шуъбаи иттилооти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg