БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЯТИМОН ПАЙВАСТА ЗЕРИ ҒАМХОРИИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАНД

ВАХШ.  Бахшида ба Рӯзи Модар дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маърифатчиён» вохӯрӣ бо ятимдухтарон гузаронида шуд. Дар рафти вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сабоҳат Салимова ятимдухтаронро бо фарорасии Рӯзи Модар  табрику таҳният гуфта, ба онҳо хониши хубу аъло ва ояндаи дурахшонро орзу намуд ва ба ҳамин мазмун раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф Негматов Азизулло низ суханронӣ кард.

Ҳамзамон дар арафаи ин ҷашн аз тарафи Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, ба 9 нафар ятимдухтарон туҳфаҳои пулӣ ба миқдори 150 сомонӣ тақдим карда шуд.    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg