БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ободии Ватан ва таъмини зиндагии осуда қарзи ҳар соҳибватан аст

ВОСЕЪ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ташкилоти ибтидоии «Шабакаи Барқ» бо иштироки мудири шуъбаи занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Султонова Саёҳат вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни баргузории вохӯрӣ Султонова Саёҳат дар назди ҷамъомадагон оид ба  шарҳу тавзеҳи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар, эълон гардидани соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа, рушди ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар хона, ҷалби шаҳрвандон бекор ба омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ, сарфаҷӯёнаву самаранок истифода бурдани нерӯи барқ, заминҳои корам, ҳар қатра обҳои поку мусаффои  Ватан ва пардохти маблағи ҳаққи хизмати он, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, тарбияи фарзандон дар руҳияи  ватандӯстиву хештаншиносӣ, огоҳонидани мардум аз хатарҳои  ба ҷаҳон муосир таҳдидкунанда, инчунин дар моҳи шарифи Раманзон анҷом додани корҳои хайру  сахо ба шахсони ятиму бепарастор, маъюбону  барҷомондагон ва  оилаҳои ниёзманди ҷомеа  суханронӣ намуда,  иштирокдоронро барои амалӣ намудани  дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ раҳнамоӣ  кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg