БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДИДОРБИНИИ ҲИЗБИЁН ДАР АРАФАИ РӮЗИ МОДАР

БОХТАР. Бахшида ба Рӯзи  Модар вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар,  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Дилафрӯзи Абдулло, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҷабзода Қурбонгул ва дигар масъулини ҳизб ба аёдати занони собиқадори меҳнат, бонувону ҷавондухтарони маъюб, оилаҳои эҳтиёҷманд, модарони яккаву танҳо рафта, онҳоро ба муносибати Рӯзи модар ва фарорасии фасли баҳор шодбош гуфта, кумакҳои яквақтаина расониданд.

Зимни суҳабати самимӣ намояндагони ҳизбӣ  аз ҳолу аҳволи онҳо, доир ба кору зиндагӣ, фаъолияи меҳнатӣ, пурсон гардида, таъкид доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа таваҷҷуҳи махсус доранд. Аёдатшудагон  аз ин иқдоми неки ҳизбиён руҳбаланд гардида, миннатдории хешро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  изҳор доштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg