Туӣ модар, ҳам ҷону ҷаҳонам,
Туӣ зеби ҳама давру замонам.
Туӣ ҳамрозу ҳамсози сириштам,
Туӣ гулу ҳама боғи биҳиштам.
АНДЕША. Зан-модар олиҳаи зебоии зиндагӣ ва фариштаи пурҷило дар рӯи замин аст. Воқеан ҳам модар мураббии фарзандону нигаҳдорандаи чароғи хонадон аст. Зиндагӣ аз зан-модар сарчашма гирифта, ҳаётро бо навозишу созиш орову торро дода, бо сад ниёишу фаҳмиши модарона фарзандонро ба воя мерасонад.
Дар зери маҳфуми зан- модар мо як шахси ҳалиму меҳрӯбон, ғамхору заҳматкаш ва олиҳаи зебоии зиндагиро мебинем. Модар тарбиятгар, ғамхор, меҳрӯбон, дилсӯз ва даҳо дигар маҳфумҳо ифодагари олиҳаи зебоии зиндагӣ зан аст.Занро чароғи хонадон мегӯянд, ҳақиқатан хонаи бе зан сарду торик аст ва болои ҳамаи ин омӯзгору тарбиятгар аст.
Модар набии хонадон, гулафшони замину осмон, ба дунё оварандаи насли инсон аст. Дар ҳақиқат тамоми ҳастии дунё зебост, аммо модар аз тамоми ҳастии дунё авлотару зеботар аст. Бо омад-омади баҳори нозанину гулбасар занону модарони меҳрубони мо ҷашн доранд. Ҷашни «Рӯзи Модар». Шуъоҳои нурбахши ин рӯзи фархунда ба занону модарон як руҳу илҳоми наву тоза мебахшад.
Дар калому қомуси башарият ҳеҷ калимае муқаддастар аз калимаи «модар» наметавон пайдо кард. Воқеан ҳам зеботарину арзишмандтарин калимае, ки сарчашмаи ҳар муқаддасот ва калому мақом ба шумор меравад, ин номи поки модар аст. Ҳамаи меҳру муҳаббатҳои башарӣ ҷилваи хурде аз ёду номи поки ӯ аст ва ҳеҷ шаҳди ширине бидуни вуҷуди муқаддаси ӯ тамъу лаззат ва муҳтаво нахоҳад дошт.
Модар! Сулолаи ҳар паёмбаре ва шираи ҷони ҳар азизу мақоми ҳар сарваре аст, ки бар ҳақ, қалам аз тавсифи он оҷиз аст.
Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст,
Умеди рӯзгори беҳтаре ҳаст.
Агарчи аз занон пайғамбаре нест,
Ҳама пайғамбаронро модаре ҳаст.
Дарвоқеъ ҳама сухан, калому паёмро аз номи ӯ оғоз намоему анҷом ками дар кам аст. Ба хаёлам солҳои сол, моҳҳои моҳ, рӯзу шабҳо васфи модар намоям боз ҳам кам аст. Модар барои зиндагии шостаи худ ва фарзандон заҳматҳои шоён кашида, баҳри калон ва тарбия намудани фарзанди хеш шабҳои дароз бедорхобӣ кашида,барои орому осуда хуфтани фарзанди хеш суруди нозанини алларо бо як меҳрубонию зебогӣ зам-зама менамояд.
Оре, агар суруди сари гаҳвора намебуд шояд сурудҳои дигар вуҷуд намедоштанд, зиндагии одам басо беранг мебуд, диловарию шуҷоат камтар мешуд, шеъру таронаҳо камо буранг мебуданд. Суруди модар оғоз ва сарчашмаи тамоми сурудҳои одамист, табассуми аввалин ва ашки охирин аст суруди модар.
Танҳо чизе, ки дар бораи ӯ метавон гуфт, ин аст, ки ӯ оғозу анҷоми ҳар меҳру муҳаббате аст ва ҳама муҳаббатҳо бо номи поку азизи ӯ таҷассум меёбад. Ҳамчунон, ки бидуни вуҷуди ӯ ҳама чиз торик ва дарҳо бастаанд, бори дигар месазад ба саломатии модар ва ҳамаи модарони азизи кишварамон дасти дуо ба даргоҳи Яздони пок бардошта, умри бардавомашон талабгору таманно намоем.
Омад-омади баҳори нозанин, Наврӯзи некпай ва «Рӯзи Модар”-ро ба ҳамаи Шумо модарону хоҳарони азизу меҳрубон табрику муборакбод намуда, дуогӯи онам, ки модарони ҳалиму ғамхорамон ҳамеша мисли гулҳои баҳорон шукуфону хандон бошанд ва пайваста шодиву шодкомӣ, тинҷиву амонӣ, бахту саодат, барору комёбиҳои рӯзгор ёру мададгоратон буда, ҳеҷгоҳ хории дунёро набинеду муҳтоҷи нокас нагардед.
Марҷона Муродова, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон