БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ БАРНОМАИ ФАЪОЛИЯТИ ҲАР ЯК СОКИНИ МАМЛАКАТ

АНДЕША. Паёми  навбатии  Президенти  мамлакат  муҳтарам  Эмомалӣ   Раҳмон  ба  мақомоти  олии  қонунбарори  кишвар  дар  соли  барои  мардуми  шарифи  Тоҷикистон  воқеан таърихӣ - сиюмин  солгарди  истиқлолу  озодии  Ватани  азизамон  пешниҳод  гардид.

Пешвои  миллат  қайд  намуданд,  ки  соли 2020  барои  сокинони  сайёра, аз  ҷумла  Тоҷикистон  яке  аз  солҳои  аз  ҳар  лиҳоз  вазнин  буд. Дар  натиҷаи  паҳн  шудани  бемории  сироятии  коронавирус   ва  вобаста  ба  он,  бо  суръат  паст  рафтани  фаъолияти  иқтисодӣ  ва афзоиши  бесобиқаи  бекорӣ  вазъияти  сайёра   боз  ҳам  печида  гардида,  ба  буҳрони  бисёр  шадиди  иқтисодиву  молиявӣ  ва  иҷтимоӣ  рӯ ба рӯ  омад.

Имрӯз  дар  дунё  амалан  давлат  ва  соҳае  нест,  ки аз  таъсири  буҳрон  эмин  монда  бошад.

Вобаста  ба  вазъият  ба  соҳаи  тандурустӣ  барои  хариди  доруворӣ  ва  таҷҳизоти  тиббӣ,  бунёди  беморхонаҳои  муваққатӣ  ва  дастгирии  кормандони тиб  аз  буҷети  давлат  1  миллиарду  600  миллион  сомонӣ  маблағхои  иловагӣ  равона  карда  шуд.

Бо  мақсади  дастгирии  гурӯҳҳои  осебпазири  ҷомеа ва  соҳибкорони  ватанӣ  сабукиҳои  зиёди  андозиву  қарзӣ андешида  шуд.Боиси  қаноатмандист,  ки дар  ин  давраи  хеле  душвор  иқтисодиёти  кишвар  4,5 фоиз  афзоиш  ёфта,  ҳаҷми  маҷмӯи  маҳсулоти  дохилӣ  ба  82,5  миллиард  сомонӣ  баробар  гардид. Дар  ин  давра  9,7  фоиз афзоиш  ёфтани  ҳаҷми  истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ,  кишоварзӣ  8,8 ва  гардиши  савдои  хориҷӣ  0,8  фоиз,  аз  ҷумла  содирот  дар  ҳаҷми  9,8  фоиз заминаи рушди иқтисодии  кишварро  ба  вуҷуд  овард.

Дар  Паём  беҳтар  гардидани  фазои  сармоягузориву  соҳибкорӣ, бахши хусусӣ   ва  ҷалби  сармояи  мустақим барои  таъмин намудани  рушди устувори иқтисоди  миллӣ  яке  аз  самтҳои  афзалиятноки  сиёсати  иқтисодии  мамлакат  дониста  шуда,  ба Кумитаи  давлатии  саромоягузорӣ  ва  идораи  амволи давлатӣ,  дигар  вазорату  идораҳо  супориш  дода  шуд,  ки  минбаъд барасмиятдарории  фаъолияти  сармоягузориро  тавассути  пурра  ҷорӣ  намудани  низоми  электрониву  рақамӣ  амалӣ созанд ва  фаъолияти марказҳои  хизматрасониро  ба сиҳибкорону сармоягузорон дар  шаҳру ноҳияҳои  кишвар  ба роҳ  монанд.  Бо мақсади  таҳкими асосҳои  инстутсионалии  иқтисоди  рақамӣ,  рушди инфрасохтори   иттилоотиву  коммуникатсионӣ оиди амалӣ  намудани  “Ҳукумати  электронӣ” дар  Паём   пешниҳод  гардид,  ки  Агентии  инноватсия ва  технологияҳои рақамии назди  Президенти  Тоҷикистон  таъсис дода  шавад. 

Барои  фароҳам  овардани  шароити  мусоид  барои  чалби сармояи шаҳрвандон  ба иқтисоди  миллӣ  пешниҳод гардид, ки соли  ҷорӣ дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон бинобар  қонунигардонии  маблағҳо ва  дигар даромадҳо  авф  гузаронида шавад.

Дар  Паёми  навбатии  Пешвои  миллат  оиди  ҳадафҳои  стратегии  давлат,   аз ҷумла  саноатикунони босуръати  кишвар, баромадан  аз  бумбасти  коммуникатсионӣ,  расидан  ба  истиқлолияти  энергетикӣ  ва  таъмини  амнияти  озуқаворӣ  ба  таври муффасал  сухан  рафтааст.

Агар  соли  1991  дар кишвар ҳамагӣ  358  корхонаи саноатӣ  ба  қайд гирифта  бошад,   танҳо  соли  2020 -ум 300  корхонаву коргоҳҳои  саноатӣ  ва  зиёда  аз  6  ҳазору  500 ҷойи  корӣ  сохта,  ба  истифода  дода  шуданд. Дар  ҳафт  соли оянда  бошад, шумораи  корхонаҳои саноатӣ  ба  3500 расонида  мешавад.

Дар  соҳаи  энергетика ва роҳу нақлиёт  корҳои  муҳим ба  анҷом расонида  шуд.  Дар  натиҷа Тоҷикистон ба яке аз ҳадафҳои асосии -  худ  баромадан  аз  бумбасти  коммуникатсионӣ ноил  гардид.

Дар  давраи  соҳибистиқлолӣ  барои  рушди  соҳаи кишоварзӣ  тадбирҳои амалӣ андешида  шуданд.  Натиҷаи  заҳмати  софдилонаи  кишоварзон ва  чораҳои амалинамудаи  Ҳукуматро  мо имрӯз  дар фаровонии  маҳсулоти  истеҳсоли  худӣ дида истодаем,- омадааст  дар  Паём. Бо  мақсади дастгирии  давлатии  кишоварзони  мамлакат  ва  таъмини  фаровонии  бозори истеъмолӣ,  Пешвои  миллат  пешниҳод  намуданд,  ки  тамоми  кишоварзони  мамлакат  барои  як сол, яъне  соли 2021  аз пардохти  андози ягонаи  замин озод карда  шаванд.

Дар  Паёми  навбатии  Пешвои  миллат  соҳаи сайёҳӣ  яке  аз  соҳаҳои  пешбарандаи иқтисодиёт  ва  бо суръати  баланд рушдёбанда  арзёбӣ  гардид.  Дар  ин  раванд, Тоҷикистон  ба  қатори  10  кишвари ҷолибтарин  барои  боздиди  сайёҳон шомил  шуда, пойтахти  мамлакат - шаҳри  Душанбе ба  даҳгонаи мавзеъҳои  бехатар  аз  рӯи  таъмини  амният ворид  гардид.

Ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ- соҳаҳои  илму  маориф, тандурустӣ,  ҳифзи иҷтимоӣ,  мавқеи  занону  ҷавонон дар  Паём ҷойгоҳи худро  доранд. Дар  ин  ҳуҷҷати роҳнамо омадааст,  ки минбаъд  давлат ва  Ҳукумат  ба рушди  соҳаҳои  мазкур  таваҷҷуҳи  хоса зоҳир  менамояд. Сохтмону  азнавсозии муассисаҳои  нави таълимӣ, табобатӣ, гузаронидани озмунҳои ҷумҳуриявӣ, сол то сол зиёд намудани маблағгузорӣ аз таваҷҷуҳи  Ҳукумати  ҷумҳурӣ ба  ин  соҳаҳо   дарак  медиҳад.

Пешвои  миллат   дар Паёми навбатиашон  ҳам  дар  бораи  баланд  бардоштани сатҳи  дониши хонандагон,  касбомӯзӣ, омӯхтани  забони давлатӣ ва  забонҳои  хориҷӣ,   таҳдиду  хатарҳои  замони  муосир,  аз  ҷумла  терроризму  экстремизм  сухан ронда,  зарурати  омӯхтани  илму  дониш,   забон ва муборизаи дастаҷамъона ба муқобили терроризму  экстремизмро  вазифаи ҳар  яки сокини  мамлакат  медонад.

Паёми  Пешвои  миллат бо  мазмуну  муҳтавои  худ барои  ҳар  як шаҳрванди  Тоҷикистон  ҳамчун  барномаи фаъолияти ҳаррӯза  хизмат  карда  метавонад.

Нураҳмад  Исматов, вакили Маҷлиси  вакилони   халқи  ноҳияи Ховалинг

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg