БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МОДАР ОЛИҲАИ ЗЕБОӢ!

Обрӯ  аҳли  дин  аз  хоки пои  модар аст,

Ҳарчи дорад ин ҷамоат аз дуои модар аст.

Он чӣ  дар васфи биҳишт фармуда Қуръони Карим,

Соҳиби Қуръон бигуфто, зери пои модар аст.

АНДЕША. Ба оғози фасли баҳор рост омадани иди занон рамзи шукуфоӣ ва мазҳари зебоӣ буда, озодагиву нафосат ва сарсабзию таровати ин фаслро дучанд меафзояд. Дар ин падида рамзи амиқе ҳаст, ки он ба сиришти неку созанда ва ниҳоди поки модарон пайвандӣ касб кардааст. Зеро, Зан ва Баҳор дар арсаи зиндагӣ нақши тавъам доранд.  Бешак, сарчашма ва сабаби ҳастии башарият Зан - Модар аст. Дар олам муқаддастарин аз модар мавҷудоте нест. Оре,тамоми ҳастии вуҷуди мо аз модар аст. Аз ин ҷост, ки мо ӯро  муқаддас мешуморем.Меҳру муҳабати самии модар ва шабзиндадориҳои  модар- ин ҳамаро бо ҳеҷ чиз баробар натавон кард. Кист  он  кассе, ки аллаи модарро нашунида бошад, аз шири сафеди ӯ баҳра наёфта бошад. Модар офарандаи ҳаёту мамот буда, аз ҳама қиматтарину  азизтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад.Меҳри беҳамтои  модар ба мисли хуршеди олам аст,ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад, ишқи поки модар ба  мисоли чашмаҳои пурҷӯшест, ки дашту биёбонро гулистоне мекунад.Ширинтарин гуворотарин ва азизтарин сухан ин модар мебошад.

Ҳамаи модарон аз  ҷумлаи занони кишвари азизамонро ба иди фархунда- Рўзи Модар бо камоли меҳру муҳаббат ва самимияти афзун муборакбод намуда,  бароятон  пеш аз ҳама сихатмандии комил, иқболи нек, умри дароз ва  ҳама хушиҳои зиндагиро таманно дорам. Бигзор дили шумо ҳамеша монанди чашмаҳои кӯҳистони диёрамон, поку мусаффо ва мисли табиати ҳамешабаҳори Тоҷикистони азизамон зебову муҷалло бошад. 

Мардонова  Сайёра, сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ  ва кор бо кадрҳои  КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg