Н.ХУСРАВ. Бо мақсади таҳкими низоми ҳаракати ҳизб, механизми танзимкунандаи гурӯҳи муносибатҳо ва амалу рафтори аъзои ҳизб, ба расимятдарории фаъолияти аъзои ҳизб, аз ҷумла ба мисоли қабул ба сафи ҳизб, ба қайд гирифтани аъзо, аз қайд баровардани аъзо, боз доштани узвият ва хориҷ кардани аъзои ҳизб бо иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоии деҳоту маҳаллаҳо баргузор гардида истодаанд.
Масъулини Кумитаи иҷроия ба раисони ташкилотҳоли ибтидоии оид ба ҳаракати аъзои ҳизб, роҳу усулҳои амалӣ намудани корҳои тарғиботӣ бо ҷалби ҷонибдорон барои пайвастан ба сафи ҳизб, аз ҷумла ҳуҷҷатгузорӣ, татбиқи ҳадафҳои ҳизбӣ, амалисозии аксияҳои ҳизбӣ, ташкили корҳои созандагию ободонӣ ва Низомнома дар бораи фаъолияти молиявии ҲХДТ, чамъоварӣ ва супоридани аъзоҳаққӣ, тартиби ташкили ҳуҷчатгузорӣ ҳаматарафа фаҳмонида дода шуда, аз иштирокдорон барои ҳарчи зудтар бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта тавсияву маслиҳатҳои судманд доданд.