БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пешвои миллат: Арзишҳои давлатдории миллӣ бояд ҳифз шаванд

БАЛҶУВОН. Дар ташкилоти ибтидоии “МНДСЭ”  бо иштироки и.в раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Мирзоев Исуф ва  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Ғуломов Асомуддин иштирок вохӯрӣ гузаронида шуд.  

Сараввал масъулин дар назди иштирокдорон оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар бораи эълон намудани  соли 2018 дар кишвар ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар хона, истифодаи сарфаҷӯёнаи нерӯи барқ ва пардохти саривақтии маблағи он, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, тарбияи дурусти фарзандон дар руҳияи баланди ватандӯстиву худогоҳии миллӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешигирӣ аз хурофоту бегонапарастӣ, ҳифзи дастовардҳои бузурги истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва арҷ гузоштанд ба арзишҳои он андешаронӣ карда, иштирокдоронро барои анҷоми корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва хайру сахо дар моҳи шарифи Рамазон даъват намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg