
ШАҲРИТУС. Дар ташкилоти ибтидоии “Маркази ташхиси бехатарии озуқаворӣ” дар ноҳияи Шаҳритус бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус бо иштироки фаъолони ташкилоти ибтидоии номбурда вохӯрӣ доир гардид.
Дар рафти вохӯрӣ суҳбатҳо оид ба самтҳои афзалиятноки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, омодагиҳои ҳамҷонибаи таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз андешаронӣ карда, ҳамагонро барои татбиқи ҳадафҳои созанда раҳнамоӣ карданд.