
Н.ХУСРАВ. Вобаста ба амалӣ намудани нақшаи чорабин6иҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бахшида ба таҷлили «Рӯзи модар» дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 Ҷамоати деҳоти Наврӯз миёни хонандагони синфҳои 10 ва 11 озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи «Модар яктост-Тоҷикистон якто» баргузор гардид.
Хонандагон фикру ақидаҳои худро вобаста ба мавзуъ ба қалам дода, аз диди худ нисбати Ватан ва Модар иншо навиштанд.
Масъулини Кумитаи иҷроия баъди санҷидани иншои хонандагон аз ҷониби устодон хонандагони доир ба мавзӯъ фикрҳои ҷолибнавишта дар ҳайати 6 нафар ғолиб донисташударо бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардониданд.