БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ ПЕШВО РАВШАНГАРИ ФАРДО

МУЪМИНОБОД. Вохӯрии гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни  30- солагии Истиқлолияти  давлатӣ дар  ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Идораи коммуналӣ” баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ  Раҷабова Гулсунбӣ  муовини раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия нисбати самтҳои  гуногуни Паёми навбатӣ ибрози  ақида намуд. 

Сипас, аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоӣ  Зоирова  Идимо ба сухан баромада, оид ба ба таҷлили ҷашни бузурги  миллӣ 30- солагии Истиқлолияти  давлатии кишвар суханронӣ  намуда, мардумро ба корҳои созандагию бунёдкорӣ  ва татбиқи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат  даъват намуд.

Инчунин, роҳбари ташкилоти ибтидоии мазкур  Раҷабов Рустам вобаста  ба сарфаву сарриштакорона истифода бурдан аз нерӯи барқ ва заминҳои дар ихтиёрдошта андешаронӣ карда, ҷамъомадагонро ба роҳу амалҳои нек талқин намуд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg