БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАН- МОДАР ТОҶИ ОФАРИНИШ

АНДЕША. Зан – модар таровату ҳусни нотакрори зиндагист, зиндагии ҳар фарди ҷомеа аз меҳру муҳаббат ва сидқу вафодории Зан – Модар маъво мегирад. Зан чароғи мунаввари хонадон, ҳидоятгари ахлоқи нек ва дастгиру наҷотбахши ҳамешагии мост. Фазилати оливу рушду нумӯи ҷомеа аз талошҳои пайвастаи занҳо сарчашма мегирад. Зан офарандаи нотакрори табиат, асоси саодатмандиву шукуфоӣ, нерӯи пешбарандаи ҷомеа аст. Саодату сарфарозии мардум аз тинати поку ҳидояти неки модарон ва заҳмати шоистаи занони сарбаланду нозанини мост. Танҳо зани покгавҳар, нексиришт, ватанпарвар, хушахлоқ ва бомаърифат қодир аст бунёдгари ҷомеаи босаодат бошад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургиву беназирии Зан-Модарро ситоиш намуда гуфтааст: “Бешак, дар ҷомеае, ки сафи занҳои босаводу бомаърифат меафзояд, пешравӣ босуръат хоҳад буд ва дар он шумораи ҳар чӣ бештари фарзандони хуб тарбия хоҳанд ёфт».

Нақши зан-модар дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд мебошад. Имрӯзҳо бонувони кишварамон баробари мардон номуси ватандориро ба дӯши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташаббуси созандаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонида истодаанд. Ҳамчунин онҳо бо меҳри модаронаашон баланд бардоштани мақому манзалати хонадонро шараф ва номуси хеш мешуморанд ва бо самимият, лутфу муҳаббат ва садоқату шарофати худ номи зан – модарро муқаддас ва гиромӣ медоранд, бо дастони пурмеҳри худ навниҳолони соҳибмаърифат ва фарҳандӯсту адабпарвари боғи маърифати миллат, яъне созандагони ояндаи неки давлат ва ҷомеаро ба камол мерасонанд. Бо дастони пурмеҳр ва саховати модарони мо ниҳоли ишқу муҳаббат, меҳру садоқат ва илму маърифат парвариш меёбад. Аз ин рӯ, баҳри оромию устувории оила, ҷомеа ва давлат қалби поки онҳо ҳамеша саршор аз меҳру муҳаббат аст. Беҳуда нест, ки бузургони олам дар назди қадру манзалати зан - модар сари таъзим фуруд оварда, эътироф кардаанд, ки ӯ воқеан бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар сайёраро меҷунбонад. Дар ҳақиқат, мақому мартабаи зан дар ҷомеае, ки худро пешрафтаву мутамаддин мешуморад, басо арзанда ва баланд аст.

Бинобар ин, нерӯву ҷасорати занонро ба инобат гирифта, давлат ва Ҳукумат бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» фармон ба имзо расонидааст, ки ин барои боз ҳам фаъолтар шудани занон заминаи мусоид фароҳам овард. Ин ҳуҷҷати муҳим ҳамчун роҳнамо барои таҳия ва қабули даҳҳо санадҳои ҳуқуқии дигар гардида, дар беҳдошти вазъи иқтисодӣ – иҷтимоии занон, таъмини иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, тайёр намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва беҳгардонии вазъи сиҳатии модару кӯдак замина гардид. Минбаъд низ ба хотири дастгирии занон як қатор барномаҳо ва стратегияҳои давлатӣ ба тасвиб расидаанд, ки ҳар кадоми онҳо ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи занону духтарон нақши муҳим бозидаанд, ки ин дар арсаи ҷаҳон дунявӣ будани Тоҷикистонро бори дигар таъкид сохт. Бо амалӣ шудани ин қонунҳову санадҳои қабулшуда дар давоми ин солҳо ба рӯзгори бонувон беҳбудӣ ворид гардид, ки яке аз онҳо ба тариқи квота дохил шудани духтарони деҳоти дурдаст ба муассисаҳои таълимии олии ҷумҳурӣ мебошад. Ин раванд дар солҳои истиқлолият барои таҳсили духтарон шароити муносибро муҳайё кард. Ин ҳама дастовардҳои замони Истиқлолият мебошад, ки натиҷаи дилхоҳи он сол ба сол бештар мушоҳида мегардад. Грантҳои президентӣ барои рушди соҳибкории занон аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ барои ба касбомӯзӣ ҷалб намудани занону духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ асос мегардад, ки ин ғамхории Сарвари давлат маҳз ба хотири дастгирии бонувони кишварамон мебошад.

Дар Паёми исмолаи худ Пешвои муззами миллат нисбати мақоми занон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд: “Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад”. Бо ин мақсад, ба Кумитаи кор бо занон ва оила супориш дода мешавад, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати мамлакатро дар бораи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030» ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021 – 2025 таҳия ва пешниҳод намояд”.

Мо бонувон бо шукргузорӣ аз ин иқдомҳо тамоми сайю талошамонро харҷ менамоем, то арзандаи ин ҳама кумаку дастгириҳои рӯзафзуну пурсамари Пешвоямон шуда тавонем. Рисолати худро, ки пеш аз ҳама  тарбияи дурусти насли наврас,  аз ҷумла  дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарварӣ бузург кардани онҳост  иҷро намоем. Барои пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, костагардии ахлоқи наврасон, тақлидкунии занони тоҷик ба фарҳанги бегона ва дигар камбудиҳои дар ҷомеа ҷойдошта дар навбати худ чораҳои зарурӣ андешем. Ва ҳар ҷое, ки бошем пеш аз ҳама ҳисси миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, дӯст доштани Ватан - Модар ва ҳимояи онро дар ҷои аввал гузорем.

Бузургон гуфтаанд: «Дар хонае занмодар нест, хушӣ ва рӯшноӣ вуҷуд надорад, бинобар ин занон шамъу чароғи хонадонанд.» Ин ҳама бузургиву беназирии Модар аст, ки маҳз дар айёми дӯстиву муҳаббат, фасли нозанини баҳор ва лаҳзаи гуворои он “Рӯзи Модар” таҷлил карда мешавад. Мо, ки дар фасли зебои сол, баҳори нозанин қарор дорем, ба ин муносибат кулли занон-модарону  бонувони диёри азизамонро бо фарорасии васли зебои сол ва “Рӯзи модар” табрик гуфта,  барояшон пеш аз ҳама хушбахтиву саодатмандии рӯзгор, саломатӣ, хотири ҷамъ ва дили беғаму осоиштагиро таманно дорем.  Рӯзи модар ба кулли занон ва бонувон муборак бошад!

Зан модари ман, модари ту, модари ом аст,
Зан шарбати ҳар маъракаву косаи ҷом аст.
Бе зан чӣ бувад, зиндагиву зист дар олам,
Зан ҳусни замин, ҳусни само, ҳусни замон аст.

Сулаймонова Лола, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg