
ЛЕВАКАНТ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар якҷоягӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр бахшида ба «Рӯзи Модар» дар майдончаи варзишии ҷамоати деҳоти Гулистон байни занон ва ҷавондухтарони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди шаҳр чорабинии варзишии футбол доир намуданд.
Дар вохӯрӣ намояндагони Кумитаи иҷроия шаҳрӣ Суҳроб Валиев, Низора Канаева иштирок намуда, зимни суҳбат бо ҷавондухтарон оид ба баргузории чорабинии мазкур маълумот дода, таъкид карданд, ки мақоми зан дар оила ва ҷомеа дар таъриху тамаддуну фарҳанги гузаштаву имрӯзаи халқи тоҷик ҷойгоҳи хос дошта, дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз баланд бардоштани мақоми Зан-Модар дар ҷомеа нишони эҳтиром ба ин шахсият ва арҷгузорӣ нисбат ба рисолати зиндагисозии ин олиҳаи меҳрро бозгӯ мекунад.