БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРҒИБИ ФАРҲАНГИ ИСТИФОДАИ МАҚСАДНОКИ ИНТЕРНЕТ ВА ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ МИЁНИ ҶАВОНОН

КӮЛОБ. Дар толори хурди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб мулоқот бо ихтиёриёни ҳизбӣ вобаста ба истифодаи дуруст ва самаранок аз шабакаҳои иҷтимоӣ баргузор карда шуд.

Зимни мулоқот муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Саймуминзода Фирӯз Саймумин иштирок намуда, қайд кард, ки дар шароити муосир масъалаи шакли истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар маҷмуъ технологияи навин ба яке аз масъалаҳои доғи рӯз табдил ёфтааст. Зеро василаҳои техникии муосир дар баробари фоидаи рӯзафзун ва осон гардонидани робитаи байниҳамдигарии инсонҳо, ҳамзамон ба манбаи сохтакориву аввомфиребӣ ва тафриқаангезиву воситаи паҳншавии ақидаҳои иртиҷоӣ табдил ёфтааст.

Дар ҳамин замина мавсуф таъкид дошт, ки ба суханҳои бедалел ва дурӯғу туҳмат, ки аз ҷониби бархе хоинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешаванд, дода нашуда, шабакаҳои иҷтимоиро бештар барои таблиғу муаррифии таъриху фарҳанг ва асолати милливу шахсиятҳои таърихӣ ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ истифода намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg