
КӮЛОБ. Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани “Рӯзи Модар” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45 озмуни иншои беҳтарин таҳти унвони “Модар яктост - Тоҷикистон якто” миёни хонандагони ин муассисаи таълимӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунавараи Бозоралӣ ва Шоева Дилноза баргузор гардид.
Сарравал Мунавараи Бозоралӣ баромад намуда, шартҳои озмунро тибқи низомнома муаррифӣ карда, ба онҳо дар ин озмун муваффақият орзу намуд.
Дар охир ғолибони озмун муайян гардида, сазовори ҷои якум хонандаи синфи 11-ум Одинаева Умеда, сазовори ҷои дуюм Холиқова Омина ва сазовори ҷои сеюм Ахмедова Амина гардид. Дар ҳамин замина аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ғолибон бо Сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.