
КӮЛОБ. Дар доираи нақшаи муштараки амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ” дар қабристони деҳаи Панҷосиёби поёни ҷамоати деҳоти Зарбдор ҳашари дастаҷамъона ташкил ва баргузор карда шуд.
Зимни он наздики 200 нафар сокинони деҳаҳои Панҷосиёби болову поён ва Гулистон, волонтёрон ва кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ширкат доштанд.
Дар ин рӯз ҳама дастаҷаъона гирду атрофи қарбристонро аз хасу хор ва алафҳои бегона тоза намуда, инчунин беш аз 20 бех дарахти сояафкан шинонида шуд.
Ҳамзамон як нуқтаи обгирӣ дар назди қабристони мазкур кашонида шуд, ки ҳар нафар метавонад аз он ба таври васеъ истифода намоянд.