БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МОДАР ЯКТОСТ - ТОҶИКИСТОН ЯКТО

ЁВОН. Бо мақсади сазовор таҷлил намудани “Рӯзи Модар” ва эҳтиром гузоштан ба модарон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон миёни донишҷӯён ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи “Модар яктост – Тоҷикистон якто” эълон карда шуд. Аз ҷониби довталабон зиёда аз 50 иншо дар мавзӯи мазкур ба унвонии сохтори ноҳиявии ҳизб пешниҳод гардид.

Пас аз тафтиши иншоҳои довталабон аз ҷониби комиссияи тафтишотии озмуни мазкур  5 довталабе, ки ишнои беҳтарин доштанд,  барои гирифтани дипломҳо ва туҳфаҳо пешниҳод карда шуданд. Санаи 2 марти соли ҷорӣ дар бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи “Модар яктост – Тоҷикистон якто” ҷамъбаст гардид. Дар натиҷа, Султонова Дилрабо хонандаи МТМУ №75 ҷойи якум, Ҳомидова Фаришта хонандаи МТМУ № 2 ҷойи дуюм, Ҳикматова Адиба хонандаи МТМУ № 1 ҷойи дуюм, Ҳасанов Муҳаммадҷон хонандаи МТМУ № 1 ҷойи сеюм ва Олимҷони Музаффар хонандаи МТМУ № 75 ҷоий сеюмро ишғол намуда, бо туҳфаҳо ва дипломи таъсиснамудаи Кумитаи ноҳиявӣ  сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамзамон ҳамаи он нафароне, ки дар ин озмун иштирок намуданд, то Рӯзи модар новобаста аз ишғоли ҷойҳои намунавӣ бо сипосномаи Кумитаи ноҳиявии ҳизб сарфароз гардонида мешаванд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg